Бадахшон: Дар се моҳ 23 ҳолати қонуншиканӣ пешгирӣ карда шуд
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ Ховар/. Ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар се моҳи аввали соли равон фаъолияти худро пурзӯр намуда, 23 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукиро ошкор намуд.
Тавре ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, аз теъдоди умумии парвандаҳои маъмурӣ 4 адад нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 1 адад нисбат ба шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 17 адад нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шудаанд. Аз парвандаҳои мазкур 21 ададаш ба шахсони воқеӣ ва 2 адади дигараш ба шахсони мансабдор рост меояд.
Дар ин давра ҳамчунин кормандони Раёсат як ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии воридоти сигорро аз Ҷумҳурии Қирғизистон пешгирӣ намуданд. Пас аз гузарондани таҳқиқи ибтидоӣ он барои баррасӣ аз рӯи тобеият ба суди ноҳияи Мурғоб фиристода шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






