Барои шахсони бемор ва маъюб қуттиҳои сайёр омода шудаанд

Май 22, 2016 13:51

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. То соати 12 дар участкаи раъйпурсии №25 ноҳияи Сино, ки дар бинои ШСХК «Барқи тоҷик» ҷой гирифтааст,  57%  овоздиҳандагон раъй доданд. Бино ба маълумоти котиби комиссияи участкаи раъйпурсии № 25  Саида Қурбонова,  теъдоди умумии раъйдиҳандагон 1855 нафар мебошад.
«Дар участкаи мо  мушоҳидон аз ташкилотҳои хориҷии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳузур доранд. Дар айни замон ду аъзои комиссия бо қуттии сайёр ба хонаи шахсони маъюб рафта,  овози онҳоро ҷамъоварӣ намуда истодаанд. Дар участкаи раъйпурсии № 25   20 маъюб ба қайд гирифта шудааст»,-гуфт С.Қурбонова.
Раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, яке аз овоздиҳандагони участкаи раъйпурсии №25 -и ноҳияи Сино мегӯяд, ки  пас аз ин қонуни асосии кишвар пурра дунявӣ хоҳад гашт. Аз ҳамин сабаб ман  имрӯз ба ин ҷо омадам, то аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ ҷонибдории худро баён намоям,-иброз дошт Ш.Шабдолов.

Май 22, 2016 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад