Баёнияи ниҳоии иштирокдорони конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Фаъолияти инсондўстона ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар ислом»
Душанбе, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Фаъолияти инсондўстона ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардўстона дар ислом» рўзҳои 11-12 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Миссияи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон бо мақсади тарѓиб, нигоҳдорӣ ва таҳкими арзишҳои инсонӣ ва ба эътибор гирифтани вазъияти мураккаби геополитикӣ дар ҷаҳон, ҷангҳои минтақавӣ, экстремизм ва терроризми динӣ ва маҷмўи мушкилоти муосир, ки фаъолияти инсондўстона бо он рў ба рў шудааст, баргузор карда шуд. Дар кори Конференсия беш аз 100 нафар олимону коршиносон аз Қазоқистон, Қирѓизистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар маҷмўъ 31 гузориши илмӣ баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор гирифт ва дар натиҷаи ҷамъбасти онҳо баёнияи ниҳоии зерин қабул карда шуд:
Иштирокдорони Конференсия таъкид намуданд, ки дар байни фарҳанги миллию динӣ ва ҳуқуқи байналмилалии башардўстона шабоҳат ва наздикиҳое вуҷуд дорад, ки имкон медиҳанд онҳо дар фаъолиятҳои инсондўстона самаранок истифода бурда шаванд. Олимону коршиносон якдилона зарурати ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ ва гуфтугўи конструктивиро дар байни ниҳодҳои башардўстонаи давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ ҷонибдорӣ намуданд, то ки ҳалли проблемаҳои калидии марбут ба фаъолияти инсондўстона, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи потенсиали сулҳофарӣ ва башардўстӣ имконпазир гардад.
Бартараф намудани монеаҳо дар роҳи анҷом додани фаъолияти инсондўстона на танҳо вазифаи аввалиндараҷаи сохторҳои давлатӣ, балки инчунин масъулияти бузурги созмонҳои байналмилалии башардўстона ва ташкилотҳои мусулмонӣ ҳам мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо таъмини ҳамкориҳои судманд дар сатҳҳои давлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ зарур аст, ки рушду такомули бемайлони онҳо барои ҳамоҳанг кардани фаъолиятҳои инсондўстона мусоидат менамоянд.
Дар заминаи мубоҳисаву музокираҳо муқаррар гардид, ки меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалии башардўстона бо арзишҳо ва қонуну қоидаҳои умумиинсонӣ ҳеҷ ихтилофе надоранд. Аз ин рў, иштирокдорони ҳамоиши илмӣ истифодаи мероси пурѓановати ниёгони пурифтихорро зимни фаъолиятҳои инсондўстонаи муосир дар партави арзишҳо ва муқаррароти воқеии ҳуқуқи исломӣ, ҳамчунин меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардўстона ва қонунгузориҳои амалкунандаи кишварҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар натиҷаи ҷамъбаст ва баррасии мазмуну муҳтавои гузоришҳои илмӣ баргузоркунандагон ва иштирокдорони Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Фаъолияти инсондўстона ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардўстона дар ислом» дар шакли тавсиявӣ ва машваратӣ изҳори матлабҳои зеринро мувофиқи мақсад донистанд:
- Ташкилотҳои динии минтақавӣ дар кишварҳои мусулмонӣ ҳамкории васеъро бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои таҳия ва татбиқи чораҳои зарурӣ ҷиҳати фарогирии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои инсондўстонаи ислом дар ҷомеа идома бахшанд. Олимону коршиносон дастгирӣ намудани чунин иқдомро комилан дуруст мешуморанд ва дар кори татбиқи вазифаҳои пешбинишуда барои ҳамкорӣ омодаанд.
- Тақвияти тадбирҳои машваратӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои ҳамкорӣ дар самти тарѓиби арзишҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи байналмилалии башардўстона барои пешгирӣ кардани задухўрдҳои эҳтимолӣ ва роҳандозии арзишҳои умумиинсонии башардўстона дар низоми маориф, таълиму тарбия ва муносибатҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор дониста шавад.
- Иштирокдорони Конференсия таҳияи платформаи кории дарозмуддатро барои муҳаққиқон чи дар бахши ҳуқуқи байналмилалии башардўстона ва чи дар матни ҳуқуқи исломӣ бо ҷалби мутахассисон аз муассисаҳои илмӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Дар заминаи платформаи мазкур ташкили баҳсу мунозираҳо оид ба масъалаҳои марбут ба татбиқи фаъолияти инсондўстона ва таҳияи барномаи дарозмуддати пурсамар бо назардошти хусусиятҳои зеҳният ва анъанаҳои маҳаллӣ, потенсиали ниҳодҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, байналмилалӣ ва динӣ имконпазир аст.
- Пўшиши байналмилалии ин ҳамоиши илмӣ низ натиҷаҳои дилхоҳ дод. Меҳмонони хориҷӣ аз вазъияти воқеии сиёсию идеологӣ, пешравиҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвари мо огоҳӣ ёфтанд, озодии виҷдон ва фаъолияти бемамониати иттиҳодияҳои диниро ба чашми худашон диданд. Фикру андешаи онҳо дар робита ба баъзе хабарҳои иѓвогарон ва дасисакорон дар бораи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои иттилоотии хориҷӣ ва шабакаи Интернет таѓйир ёфта, онҳо мутмаин шуданд, ки ин овозаҳо аз воқеият ниҳоят дуранд ва таассуроти худро аз тариқи воситаҳои ахбори ватанӣ иброз намуданд.
Иштирокдорони Конференсия ҳамчунин нақши муҳими воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои интернетӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаккули тасаввуроти дуруст оид ба фарҳанги миллӣ, арҷгузории арзишҳои динию эътиқодӣ, тарѓиби тарзи ҳаёти дунявӣ, муборизаи оштинопазир бо вабои ҷаҳонии экстремизму терроризми динӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва ояндаи дурахшони рушди устувори иқтисодӣ таъкид намуданд.
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи давлатии илмӣ-таҳлилӣ дар доираи салоҳиятҳои ойинномавӣ омода будани худро барои ҳамкорӣ бо тамоми созмонҳои манфиатдори давлатӣ, байналмилалӣ, минтақавӣ ва хайриявӣ иброз менамояд. Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи дарёфти ҳамоҳангии муваффақонаи муносибати давлати дунявӣ ба дин барои идома бахшидани фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ доир ба омўзиши масъалаҳои марбут ба татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардўстона уфуқҳои тозаро боз менамояд.