Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3- 4 ноябр дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия 41-умин Нишасти вазирони Кумитаи доимоамалкунандаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар нишаст масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҳавзаи тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ, алалхусус барқарорсозии бахшҳои инфрасохтории Давлати Фаластин ва Сурия ва татбиқи лоиҳаҳои нав баррасӣ гардид.
Инчунин амалисозии тавсияҳои омоданамудаи Гурӯҳи кории Кумитаи доимоамалкунандаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ барои беҳтарсозии фаъолияти хоҷагидорӣ, ҳукумати электронӣ, ба роҳ мондани низоми рақамӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои босифати ҳалол ва дигар мавзуҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






