Беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ дар Балҷувон
Балҷувон, 12.05.2015 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи тандурустӣ дар сиёсати иҷтимоии кишвар ҷойгоҳи махсусро касб намуда, навсозӣ ва рушди батадриҷи он нисбат ба чанд соли пеш комилан беҳтар гардидааст. Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон аз соли 1996 то инҷониб фаъолият дошта, кормандони соҳа ба аҳолӣ хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.
Беморхонаи мазкур дорои 5 шуъба буда, аз соли фаъолият то кунун таъмири асосиро надида, бинои муассиса дар ҳоли ногувор қарор дошт. Ҳаминро ба инобат гирифта, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ соли 2013 иқдом гирифтанд, ки барои сокинони ин диёр бинои замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоту шароити зарурии тиббиро ба истифода диҳанд. Баъди ба истифода додани бинои нав шароити кории кормандони соҳа беҳтар гардида, ҳамаи бемориҳо дар ин муассиса муолиҷа карда мешаванд.
Ба иттилои масъулин соли равон дар ноҳия шумораи гирифторони бемориҳои сироятӣ кам гардидааст.