Бозхонд ва таъйини муовинони раиси Суди Олии кишвар
Душанбе, 05.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Бо пешниҳоди Президенти кишвар 5 май дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Басбӣ Холова бинобар ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини раиси Суди Олии кишвар, инчунин Абдуҷаббор Сатторзода аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -раиси Коллегияи ҳарбӣ бинобар ба дигар вазифа гузаштанаш бозхонд карда шуданд. Ҳамзамон бо пешниҳоди Президенти кишвар ду судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломат Ҳакимзода ва Бахтулло Раҳматуллозода ва судяи Суди Олии иқтисодӣ Файзалӣ Комилӣ бинобар ба поён расидани муҳлати ваколаташон аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардиданд.
Ҳамин тариқ, дар асоси пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Сатторзода муовини раиси Суди Олии ҷумҳурӣ, Сайдалӣ Раҳмонзода — муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- раиси Коллегияи ҳарбӣ, Бахтулло Раҳматуллозода ва Саломат Ҳакимзода судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Файзалӣ Комилӣ судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






