Бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО имрӯз ба анҷом мерасанд
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бозиҳои охирини ду гурӯҳи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ба анҷом расиданд. Дар гурӯҳи «А» дастаи «Алтин Асир»-и Туркманистон баъди бохт аз тими «Алҳидд»-и Баҳрайн дар майдонаш бо 6 имтиёз зинаи охирини гурӯҳи «А»-ро ишғол кард. Аз ин гурӯҳ дастаҳои «Алаҳад»-и Лубнон ва «Алваҳдат»-и Урдун муборизаро барои Ҷом идома медиҳанд.
Дар гурӯҳи «Б» «Истиқлол»-и Душанбе мухлисонашро шод карда натавонист ва бо 1 имтиёз зинаи охирро касб кард. Аз ин гурӯҳ дастаҳои «Нафт Алвасат»-и Ироқ ва «Алфайсалӣ»-и Урдун ба бозиҳои оянда роҳхат гирифтанд.
Дар гурӯҳи «С» ҳарчанд бозиҳои даври охир бо ширкати дастаҳои «Алоруба» ва « Айр Форс», инчунин «Алдаҳария» ва «Алваҳда» имрӯз барпо мегарданд, ду дастаи пешсаф аз гурӯҳ муайян аст. «Айр Форс»-и Ироқ ва «Алваҳда»-и Сурия аллакай ба қатори беҳтаринҳои рақобатҳои гурӯҳӣ шомил шуда, муборизаро дар даври 1\8-и ниҳоӣ идома медиҳанд.
«Аҳли Алхалил»-и Фаластин, ки дастаи «Хуҷанд»-ро дар бозиҳои муқаддамотӣ мағлуб карда буд, дар гурӯҳи «Д» соҳиби мақоми дуввум аст ва барои ба даври минбаъда роҳхат гирифтан имрӯз мебояд дастаи «Алҷайш»-и Сурияро мағлуб намояд. Дастаи «Алмуҳаррақ»-и Баҳрайн новобаста ба бозии охиринаш бо «Фанҷа» бо 13 имтиёз дар гурӯҳи «Д» якум шуд ва барои Ҷом мубориза мебарад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






