Дар Душанбе 34 адад ёдгории таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ мавҷуданд
Душанбе, 5.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе марҳилаи аввали татбиқи он дар қисмати марказии шаҳри Душанбе, аз ҷумла, дар хиёбони Рӯдакӣ амалӣ гардида, ба истиснои биноҳои дар «Рўйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъмории дараҷаи ҷумҳуриявӣ» қарордошта ҷои иншооти як, ду ва сеошёнае, ки ба талаботи шаҳрсозӣ ва конструктивӣ ҷавобгӯ нестанду симои меъмориашон костагӣ дорад, биноҳои баландошёнаи маъмурӣ қомат меафрозанд.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Шералӣ Хоҷаев, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки тибқи «Рўйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъмории дараҷаи ҷумҳуриявӣ», ки соли 1972 бо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, имрўз дар қайди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 2020 ёдгории таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ қарор доранд ва аз ин миқдор 34 ададаш ба шаҳри Душанбе мансуб мебошад. Ба рӯйхати мазкур 4 бинои воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ворид гардидааст: бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1940, Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, ки соли 1946, собиқ бинои Китобхонаи ба номи А.Фирдавсӣ, ки соли 1953 ва бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1957 бунёд шудаанд. Ба дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалии шаҳри Душанбе, яъне 30 адади боқимондаи он муҷассамаҳо, лавҳаҳои ёдгорӣ ва шаҳраки Душанбеи қадим: Қалъаи Мир дар ҳудуди ғарбии Боғи Ирам, ки ба асрҳои УIII-УII то мелод, Димнаи Шиши-хона дар ҳудуди маҳаллаи 82 -юм, ки ба қарнҳои III-XII мелод ва шаҳраки Чормағзтеппа дар маҳаллаи Испечак-2, ки ба асрҳои VII-XII мелод мансуб мебошанд, ворид гардидаанд.
Шералӣ Ҳоҷаев ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз ҷониби мутахассисони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар якҷоягӣ бо комиссияи экпертизаи вазорат, ки ба ҳайати он 19 нафар мутахассисон, аз ҷумла таърихнигорон, санъатшиносон, меъморон ва ҳайкалтарошон шомил гардидаанд, «Феҳристи миллии ёдгориҳои таърихию фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид, ки ҳоло дар ҳолати коркард қарор дорад. Комиссияи мазкур 9 бинои дигари шаҳри Душанберо, ки иншооти нодири меъмории замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, ҳамчун ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ барои шомил намудан ба Феҳристи мазкур пешниҳод намудааст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






