Дар Файзобод ярмаркаи ҷойҳои корӣ доир шуд
Файзобод, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори варзишии Филармонияи давлатии ноҳияи Файзобод бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор шуд, ки дар ярмаркаи мазкур 28 корхонаву муассиса иштирок карда, ба корҷӯён ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд. Мувофиқи иттилои роҳбарияти шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар ярмарка 180 нафар корҷӯён иштирок намуданд, ки аз ин шумора 8 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, 40 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳамчунин дар соли 2016 тавассути барномаи «Мусоидат ба шуғли аҳолӣ», 99 нафар шаҳрвандони бекор ва бешуғли ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аз рӯйи касбҳои кафшергарӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва муҳосибӣ ба касбомӯзӣ ҷалб шуда, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ мешаванд.