Дар Исфара ҷараёни раъйпурсӣ шаффоф аст

Май 22, 2016 12:36

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри Исфара чун дигар сокинон иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро қарзи шаҳрвандии худ ҳисобида, аз субҳи барвақт раъйи худро дода истодаанд.
Дар комиссияи ҳавзаи раъйпурсии Исфара № 27 то соати 10  63 ҳазору 184 нафар раъй доданд, ки 48,2 %-и шумораи умумии раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Иқбол Тешаев, сардори маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, дар шаҳр 79 участкаи райъдиҳии ҳавзаи раъйпурсии Исфара №27 фаъол аст. Шумораи умумии аҳолии Исфара  257 ҳазору 227 нафар буда, шумораи раъйдиҳандагон 131 087 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 18 357 нафар дар муҳоҷират қарор доранд.
Бояд гуфт, ки имрӯз 2258 нафар ҷавонони шаҳр ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бори аввал дар чунин чорабинии муҳими сиёсӣ ширкат варзида, аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода мебаранд.
Ба иттилои масъулини участкаҳои раъйдиҳӣ ҷараёни раъйпурсӣ шаффоф буда, ҳанӯз ягон қонунвайронкунӣ ба чашм нарасидааст.

Май 22, 2016 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад