Дар Роғун бо соҳибкорон оид ба раъйпурсӣ вохӯрӣ доир шуд
Роғун, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Нозироти андози шаҳри Роғун бо зиёда аз 500 соҳибкор вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат намудан дар рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо равона шудааст.
Ҳамчунин сардори нозироти андози шаҳр Дилшод Азизов изҳор дошт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва маҳз барои рушди устувору босуботи ҷомеа, инкишофи минбаъдаи равандҳои демократикунонӣ, таҳкиму такмили асосҳои конститутсионӣ равона гардидаанд, нигаронида шудааст.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






