Дар шаҳри Ваҳдат ба ифтихори ҷашни истиқлол маҳфили фарҳангӣ доир гардид

Май 30, 2016 09:57

Ваҳдат, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат бо ибтикори Мактаби мусиқии бачагона ва Мактаби рассомии шаҳр ва бо иштироки меҳмонон ва ҷавонону фаъолон маҳфили фарҳангӣ доир гардид. Дар маҳфил маҳсули эҷодиёти ханандагони навраси Мактаби рассомӣ ба намоиш гузашта шуда, хонандагони Мактаби мусиқии бачагона бо асбобҳои миллӣ, зарбӣ, фортепиано ва асбобҳои нафасӣ дар мавзӯъҳои ваҳдат, Тоҷикистон ва Ватан  суруд хонданд.
Тибқи иттилои директори Мактаби мусиқӣ Фарҳод Саидов хонандагони муассисаи мазкур дар замони истиқлолият соҳиби 52 дипломи ҷумҳуриявӣ, 14 дипломҳои байналмилалӣ ва 15 сертификат гардидаанд ва соли 2011 дар фестивали ҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасон бо номи «Сапеда», 17 нафар хонандагони муассиса ғолиб гардида, сазовори мукофотҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиданд.

Май 30, 2016 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад