Дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор то охири ҳафта боқӣ хоҳад монд

Май 11, 2016 17:22

Душанбе, 11.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то охири ҳафта дар миқёси ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ хоҳад монд. Ҷамила Байдуллоева, сардори Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон гуфт, аз 12 то 15 май дар миқёси ҷумҳурӣ тағйирёбии вазъи обу ҳаво дар назар дошта шуда, боришоти борони кӯтоҳмуддати шадид эхтимол дорад.
Мувофиқи пешгўии ҳавошиносон ҳамчунин ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар назар аст.
Пагоҳ, 12 май дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок ва раъду барқ дар назар аст.
Ҳарорат  шабона +10+12, рӯзона +24+26 дараҷа мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ — ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар дошта шудааст.
Ҳарорат дар водиҳо шабона +11+16 дараҷа, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16 ва рӯзона +21+26 дараҷа мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +22+25 дараҷа, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +15+20 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок меборад.
Ҳарорат дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +15+20; дар шарқ шабона -1+4, рӯзона +8+13 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок меборад.
Ҳарорат дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +28+33 дараҷа, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +23+28 дараҷаро ташкил медиҳад.

Май 11, 2016 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд