Деваштич: Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат конфронси ҳисоботӣ доир кард
Деваштич, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич Конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия доир гардид.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхориро нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат дар мадди аввали назар қарор дода, онҳоро такягоҳи боэътимоди давлату ҳукумат бобати амалинамоии тадбирҳои ободонию сафарбарии омма ба меҳнати бунёдкорона ва таъмини тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон номидааст. Хизматҳои собиқадорони ҷангу меҳнат дар тарбияи ватандӯстӣ, маънавию ахлоқии аҳли ҷомеа басо калон мебошад.
Раиси ноҳияи Деваштич Р.Ҷӯразода хизматҳои собиқадоронро бобати пешбурди фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ободонӣ ва бунёдкорӣ, тарбияи ҳарбӣ ва ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро баланд арзёбӣ намуда, собиқадоронро минбаъд низ ба чунин фаъолияти самарабахш даъват намуда, ба чанд нафар собиқадорон Ифтитхорнома ва ба ду нафар- Маҳмуд Қодиров ва Холмат Дӯстбоев медали ҷашнии 70-солагии озодкунии Украина аз истилогарони фашистиро тақдим намуд.