«Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо»- Конфронси илмӣ-амалӣ
Душанбе, 4.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 26 майи соли 2016 бо иштироки намояндагони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ ва муассисаҳои илмӣ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзўи «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо» баргузор намояд.
Дар конфронси мазкур масъалаҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ, меъёрэҷодкунӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ ва қонунэҷодкунӣ, принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, омилҳои иҷтимоии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқэҷодкунӣ ва техникаи қонунгузорӣ, фаъолияти идоравӣ-назоратӣ барои ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, проблемаҳои назариявӣ-ҳуқуқии ташаббуси қонунгузорӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибгардонии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон дар шароити истиқлолияти давлатӣ баррасӣ карда мешаванд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






