“Фоҷиаи нангине, ки таҳқиқи мунсифона мехоҳад”, “Бо меҳри дил дар ёдҳо” – шарҳи матбуот
Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи шанбе (14.05.2016, №92) оид ба мулоқоти Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, ки барои иштирок дар маросими расмии оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати барқи САSА-1000 ба Тоҷикистон омада буд, хабари расмӣ нашр карда, ҳамчунин аз пазироии ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ хонум Аннет Диксон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат иттилоъ чоп кардааст. Мақолаи “Театри Маяковский фаъолияташро як лаҳза ҳам қатъ намекунад” ҷавобан ба ҳангомаҳои пучу пурғарази баъзе расонаҳои иттилоотӣ ва доираҳои манфиатҷӯ навишта шудааст. Муаллиф навиштааст: “Театр пурра аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ шуда, ҳеҷ гуна тасмим ҷиҳати бастани он гирифта нашудааст, соли равон барои театри мазкур 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст”.
Мундариҷаи шумораи навбатии “Ҷумҳурият” (17.05.2016, №89), ки рӯзи сешанбе нашр шудааст, аз хабари муфассал оид ба сафари расмии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат ба Давлати Кувайт, гузоришҳо аз маросими истиқбол, музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Кувайт, мулоқот бо раиси Маҷлиси Уммаи Кувайт, ҳамчунин иттилоъ дар бораи суҳбати телефонии Сарвари давлат бо раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо вобаста ба амалӣ намудани чораҳои фаврӣ барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ иборат ёфтааст. Дар мақолаҳои “Раъйпурсӣ. Мақсад аз он таҳкими пояҳои давлатдории миллист”, “Кӣ гунаҳгор, фурӯшанда ё муштарӣ?”, “Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ. Иштирок дар он саҳмгузорӣ дар ободонии Тоҷикистони азиз аст” мавзӯъҳои муҳиму рӯзмарраи ҷомеа мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.
“Нашри нави китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони арабӣ дар кишвари шумо нишонаи эҳтиром ва эътирофи миллатест, ки бо таърихи куҳан ва фарҳанги асили худ дар пешрафти тамаддуни башариву исломӣ саҳми шоиста гузоштааст” – бо ҳамин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи дирӯзаи “Ҷумҳурият” (18.05.2016, №94) аз чоп баромадааст. Суханони мазкури Сарвари давлат дар маросими рӯнамоии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки 16 майи соли равон дар кишвари Кувайт баргузор гардида буд, гуфта шудаанд. Дар шумораи мазкури нашрия гузориши муфассал аз сафари расмии Пешвои миллат ба Давлати Кувайт нашр гардидааст. Дар ҷараёни ин сафар соҳибкорони Кувайт таъкид намуданд, ки мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва имкониятҳои фарохи иқтисодии он дар Осиёи Миёна ва минтақаи Шарқ беназир буда, барои тавсеаи ҳамкории иқтисодии судманд миёни ҳар ду кишвар аз тарафи роҳбарони Тоҷикистон ва Кувайт заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Матлабҳои дигари нашрия ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” (14.05.2016,№62) аз оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи САSА-1000, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими расмии оғози лоиҳа, мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарони ҳайатҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон хабару гузоришҳо чоп кардааст. Дар шумораи мазкур матни қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи тасдиқи тағйироти кадрӣ дарҷ шудаанд.
Муҳтавои шумораи имрӯзаи “Садои мардум” (19.05.2016,№64) аз инъикоси сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт, мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо намояндаи дипломатии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнани, ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон иборат ёфтааст. Мақолаҳои “Мақсад – ҳифзи арзишҳои миллӣ”, “Ҳадаф – зиндагии шоистатар” дар мавзӯи зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 май баргузор мегардад, навишта шудаанд.
“Лухтакҳои бозингар”, “Таҳлили чашм”, “Чунин нест, ки шумо навиштаед” – мақолаҳоеанд, ки нашрияи русзабони “Народная газета” ҷавобан ба навиштаҳои ғаразноки расонаҳои иттилоотии минтақавӣ оид ба воқеоти Тоҷикистон бо далелҳои раднашаванда пешниҳоди хонандагон намудааст. Дар шумораи инҳафтаинаи нашрия оид ба сафари расмии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт хабару гузориши муфассал бо аксҳои ҷолиб нашр шудаанд. Мақолаи “Касалии кӯдаконаи пиршуда” ба зарурати ҳар чӣ зудтар ва босамар истифода бурдани захираҳои барқӣ-обии кишварҳои Осиёи Марказӣ, тарафдорону мухолифони ин иқдом навишта шудааст. Навиштаи “Марг дар қабристон” аз фоҷеаи дар қабристони Хованскии Маскав бо иштироки муҳоҷирони корӣ рӯйдода иттилоъ дода, нигаронии мақомоти ҳукуматӣ ва чораҳои таъхирнопазири Ҳукумати мамлакатро барои холисона баррасӣ шудани ин куштор ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон изҳор намудааст.
Ҳафтаномаи “Омӯзгор” — нашрияи Вазорати маориф ва илм мақолаҳои “Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад”, “Ғамхор ба волидони худ бош!”, “Рушди тафаккур ва озодии виҷдон”, “Маърифатгустар”-ро пешкаши мухлисон намудааст. Мақолаи А.Муродӣ бо номи “Дастур, пешниҳод, тарғиб ва таассуф” дар ҳошияи китоби устоди ДМТ Мирумар Ашӯров “Масъалаҳои шавқовари математикӣ” навишта шуда, муаллиф аз он изҳори таассуф кардааст, ки омӯзгори мактаби рақами 56-и шаҳри Душанбе З.Кенҷаева аз ин китоб мақолаеро рӯнавис карда, дар нашрияи “Омӯзгор” чоп кардааст.
Нашрияи “Тоҷикистон” бахшида ба зодрӯзи шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ хотираҳои нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзоро бо сарлавҳаи “Рӯзҳои охири умри Лоиқ” нашр кардааст. Муаллиф навиштааст: “Лоиқ барин шоири тавоно аллакай он шаб ба ҳисоби майитҳо ҳамроҳ шуда буд… Аввалин субҳе, рӯзе меомад, ки Лоиқро офтоб дар бистари марг дармеёфт, аввалин субҳе медамид, ки Лоиқ чашм намекушод…”.
“Фараж” дар шумораи навбатӣ мақолаи “Гӯристони хунини Маскав: тоҷикон алайҳи ғоратгарон”-ро нашр намудааст. Муаллифи мақола навиштааст: “Муҳоҷирон барои дифои худ бо белу каланд ва дигар асбобҳои корӣ алайҳи ҳамлаи силоҳбадастон истодагарӣ карданд. Таҳлилгарон ин рӯйдодро хунин ва такондиҳанда унвон карда, корнамоии муҳоҷиронро қаҳрамонӣ медонанд ва умедворанд, ки дастандаркорони ин қазия муҷозот хоҳанд шуд ва ҳақ ба ҳақдор мерасад”.
Нашрияи “Миллат” матлабҳои “КАSА-1000 гарави барқарории сулҳ дар Афғонистон”, “Ҳимоят аз сохти хати роҳи нави оҳан”, “Боздошти се сиёсатмадори қирғиз бо иттиҳоми табаддулот”, “Хомӯшӣ дар баробари панҷоҳумин солгарди инқилоби фарҳангӣ дар Чин” ва дигар хабару мақолаҳоро пешкаши мухлисони худ кардааст.
Ҳафтаномаи “СССР” низ мавзӯи фоҷеаи қабристони Хованскии Маскавро мавриди баррасӣ қарор дода навиштааст: “Сабаби асосии ин задухӯрди фоҷиабор директори нави қабристони Хованское будааст, ки хост коргарони муҳоҷирро, ки беш аз 15 сол боз дар ин қабристон кор мекарданд, пеш карда, ба ҷойи онҳо одамони худро бигирад… Мо барои шербачаҳои Роғуну Обигарм, ки бо белу каланд бар қиболи қафқозиҳои то дандон мусаллаҳ истодагарӣ кардаву онҳоро зада пеш кардаанд, рост истода, қарс мезанем. Браво, шермардони тоҷик! Шумо пешорӯи ин қафқозиҳо исбот кардед, ки насли халқи ориёии воқеан ҳам қаҳрамонед ва ҳарос дар дил надоред!”. Мақолаи дигари ҳафтанома “Сарбадорони Канди Бостон” аз таърихи 91 сол пеши Конибодом нақл мекунад.
Нашрияи “Нигоҳ” аз зери обу лой мондани дӯконҳои калонтарин бозори Душанбе- “Корвон” дар натиҷаи боришоти шадид гузориши аксӣ нашр карда, шеърҳои Музаффари Холзодиёнро бо сарлавҳаи умумии “Сабз гашт саҳрои шеърам бо дуои сабзи ту” пешкаши мухлисонаш намудааст.
Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” бо сарлавҳаи “Бадахшон ба ҷашни Ваҳдат омодагӣ мегирад” аз дастовардҳои бахшҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишии сокинони шаҳри Хоруғ гузориши муфассал нашр кардааст. Дар рубрикаи 25 иқдоми бузург бахшида ба 25 соли истиқлолият мақолаи Ҳ.Ализода бо номи “Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз бошукӯҳтарин дастоварди истиқлол” пешкаши хонандагони нашрия шудааст. Мақолаҳои “Пояе бар бовари ормонии ҷомеа”, “Фоҷиаи нангине, ки таҳқиқи мунсифона мехоҳад”, “Бо меҳри дил дар ёдҳо” дар ҳамин шумораи “Минбари халқ” чоп шудаанд.