Гулистон: Баланд бардоштани маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Гулистон машварат дар мавзӯи муҳоҷирати бехатар ва омодагии пеш аз сафар доир гардид.
Мудири бахш Шавкат Турғунов доир ба мавзӯи мазкур сухан карда, ба масъалаи баланд бардоштани маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб диққати ҳозиринро ҷалб намуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират бо мақсади расонидани иттилооти зарурӣ ба муҳоҷирон чунин машваратҳоро дар дигар шаҳракҳо ҳам ба нақша гирифтааст.