Кӯлоб: Оила-рукни асосии ҷомеа
Душанбе, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 13 май бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони «Оила- рукни асосии ҷомеа» маҳфил баргузор шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова, мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Саида Нурляминова ва мудири Шуъбаи САҲШ-и шаҳри Кӯлоб Мумина Иброҳимзода вобюаста ба пойдории оилаҳо сухан гуфтанд.
Мақсади маҳфил роҳ надодан ба никоҳи хешутаборӣ, устувории оилаҳо, ободию пойдории он ва гирифтани пеши роҳи вайроншавии оилаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон буд.