Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Маркази исломшиносӣ
Душанбе, 5.05.2016. /АМИТ “Ховар”/. Тавре аз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, тибқи банди 22 Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016, ва дар асоси мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5 апрели соли 2016 баргузор намудани Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Фаъолияти инсондўстона ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардўстона дар ислом» бо таъкид бар мазҳаби ҳанафӣ дар ҳамкорӣ бо Миссияи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон барои рўзҳои 11-12 майи соли 2016 дар назар дошта шудааст. Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи сазовор доир намудани ин ҳамоиши муҳими илмию фарҳангӣ идома доранд.
Дар назар аст, ки дар кори Конференсияи мазкур олимону коршиносон, рўҳониёну имомхатибон ва ходимони ниҳодҳои марбут ба корҳои дин аз Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Туркманистон ва Ўзбекистон ширкат намоянд. Дар ҷаласаҳои илмии ҳамоиш пешниҳоди 31 мақолаи илмӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 20 адади онҳоро гузоришҳои илмӣ-академикии олимону муҳаққиқон аз Маркази исломшиносӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳо, инчунин макотиби олии кишвар ташкил медиҳанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






