Кормандони ММҲД ноҳияи Ишкошим ба бинои нав мекӯчанд
Ишкошим, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ кормандони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим фаъолияти худро дар бинои нави замонавӣ идома медиҳанд. Раиси ин ноҳия Зикрихудо Самадов гуфт, ки бинои қаблӣ дар аввали солҳои шастуми асри гузашта бунёд ёфтааст ва бо мурури замон бар асари зилзила ва барфу боронгариҳо вазъаш хеле хароб гашт. Ҳанӯз дар замони ҳукумати вақти шӯравӣ борҳо масъалаи сохтмони биноро ба миён гузошта буданд, аммо бо ҳар баҳона ба таъхир гузошта мешуд.
Соли 2013 бо дастури Сарвари давлат ба бунёди бинои нав оғоз карданд. Ин бино аз се ошёна иборат буда, дорои 38 утоқи корӣ, ду маҷлисгоҳ мебошад. Алъон барои эъмори ин иншоот наздики 60 нафар бинокорон аз шаҳру навоҳии кишвар ҷалб шуданд ва дар се баст машғули кор ҳастанд.