«Корвони Ваҳдат» аз Хатлон ба Бадахшон рафт

Май 25, 2016 09:15

Қурғонтеппа, 25.05.2016 /АМИТ Ховар/.  Дирӯз, 24  май  «Корвони Ваҳдат»  аз  вилояти Хатлон ба  самти  Бадахшон  ҳаракат намуд. Тавре аз  шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии  дастгоҳи раиси  вилояи Хатлон  иттилоъ  доданд,  ба  ҳайати корвони мазкур  аҳли фарҳанги вилояти Хатлон  ва адибону рӯзноманигорон  шомиланд.
Ба  иттилои  шуъба,  тибқи нақша ҳайати  адибони Хатлон  ба се гурӯҳ тақсим шуда, дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ Ванҷ, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб  вохӯрӣ  ва  барномаҳои ҳунарӣ барпо мекунанд. Ҳамзамон  дар доираи сафар   намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои  театрикунонидашуда ва фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон  ташкил  карда  мешавад.
Аз  рӯи иттилои охирин  «Корвони  Ваҳдат» ҳоло   ба  самти ноҳияи  Ванҷ  ҳаракат  дорад.

Май 25, 2016 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд