Мардум бо табъи болида ба раъйпурсӣ меоянд
Душанбе, 22.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Валерий Катула, намоянда аз ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ зимни боздид аз участкаи раъйдиҳии №1-и ноҳияи Шоҳмансур, ки дар бинои Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 воқеъ гардидааст, гуфт, хушҳол аст, ки мардум бо табъи болида ба раъйпурсӣ омада истодаанд.
Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон амри зарурӣ ва саривақтӣ мебошад,- афзуд ӯ.
Ба иттилои Валерий Катула, зимни мушоҳида ягон ҳолати вайрон намудани қонун ба қайд гирифта нашудааст.
Дар участкаи раъйдиҳии №1-и ноҳияи Шоҳмансур то соати 12 нисфирӯзӣ зиёда аз 65 фоизи раъйдиҳандагон мавқеи худро муайян намуданд.
Яке аз шахсони номдори кишвар — Мирзошоҳпух Асрорӣ ҳамроҳи оилаи худ Сабоҳат Облоқулзода ба раъйпурсӣ омада, изҳори қаноатмандӣ намуд, ки сокинон бо рӯҳияи баланд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда истодаанд ва баргузории чунин чорабинии муҳими сиёсӣ, ки ояндаи дурахшону зиндагии шоистаю рушди босуботро муайян месозад, саривақтӣ мебошад








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






