Масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ дар қисми низомии вилояти Суғд муҳокима гардид
Душанбе, 04.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар қисми низомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, зуҳуроти нашъамандӣ ва шарҳу эзоҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни сарбозон вохӯрӣ доир намуданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, дар вохӯрӣ намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шӯҳратҷон Абдуллозода мақсади баргузории вохӯриро фаҳмонидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳушдор додан аз оқибатҳои даст задан ба кирдорҳои зиддиҳуқуқиву амалҳои зишт ва ҷилавгирии ҷавонону наврасон аз пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ арзёбӣ намуд.
Зикр шуд, ки ҷавонон ба ҳайси қувваи пешбари ҷомеа бояд дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ чун инсони комил тарбия ёфта, барои хизмат ба халқу ватани хеш камари ҳиммат банданд.
Ширкатдорони вохӯрӣ доир ба чигунагии таъсири зиёновари навъҳои маводи нашъаовар ба инсон, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содиркунандагони ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, усулҳои самарабахши пешгирии зуҳуроти нашъамандӣ ва чораҳо ҷиҳати офиятбахшии иҷтимоии беморони нашъаманд ва моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саволгузорӣ намуда, посухҳои аниқу мушаххас гирифтанд.
Баргузории силсилаи вохӯриҳо дар дигар қисмҳои низомии гарнизони вилояти Суғд пешбинӣ шудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






