Машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар Норак

Май 19, 2016 11:56

Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи нақшаи чорабиниҳои асосии Кумита оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2016, аз 17 май дар шаҳри Норак машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ оғоз гардид.
Қобили зикр аст, ки машқи мазкур ба   масъалаи  «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании шаҳр ҳангоми боридани боронҳои пай дар пай, омадани сел ва хавфи зери об мондани ҳудуди ҷамоатҳои деҳот» бахшида шудааст.
Машқи мазкур бо эълон намудани бонги ҷамъшавӣ барои ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании шаҳр оғоз гардида, дар он масъулини хадамоти мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ҷалб гардидаанд.
Машқи мазкур то 20 маи  соли равон идома меёбад.

Май 19, 2016 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»