Мастчоҳ ба раъйпурсӣ омодааст
Душанбе, 06.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди ҳавзаи раъйпурсии Мастчоҳ №40, 44 участкаи раъйпурсӣ таъсис ёфта, дар онҳо шиору овезаҳо ва маводи тарғиботӣ насб шудаанд ва ба раъйпурсӣ омода мебошанд.
Ҳайати комиссияи ҳавзаи Мастчоҳ №40 аз 9 нафар иборат буда, номгӯи участкаҳо, рақам, маҳалли ҷойгиршавӣ ва миқдори раъйдиҳандагон дар ҳафтаномаи ноҳиявии «Машъал» нашр гардидааст.
Дар ноҳияи Мастчоҳ тавассути гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо мардум, ташкили семинару конфронсҳо, паҳн намудани варақаҳои таблиғотӣ ва насби шиору овезаҳо, аҳамият ва зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ тарғиб мешавад.