Маводи мусодирашуда ба коми оташ рафт
Хоруғ, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони раёсати Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар ҳузури намояндагони прокуратура, суд ва шахсони холис зиёда аз 85 килограмм маводи нашъадорро дар бухории махсус нобуд сохтанд.
Ба гуфтаи нозири калони шуъбаи пешгирии нашъамандии раёсати мазкур Гуландом Мирзоева баъди татбиқи ҳукми суд ин воситаҳои мухталифи нашъадор, амсоли 2 кг героин, наздики 7 кг афюн, бештар аз 60 кг ҳашиш ва наздики 16 кг бангдона ба коми оташ андохта шуданд.