Мавзеи сайёҳии Тандиқул обод гардид
Лахш, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Барои рушди туризми дохилӣ мавзеи сайёҳии Тандиқули ноҳияи Лахш обод гашта, ҳамасола барои тамошо, истироҳат ва табобат ба ин мавзеъ зиёда аз 1000 нафар меоянд. Аз тарафи масъулини соҳаи туризми ноҳия хатсайри туристӣ ба ин мавзеъ омода гардидааст. Барои муаррифии фарҳангу тамаддуни мардуми ноҳия 2 осорхона фаъолият дорад, ки аз таърихи қадимии ноҳияи Лахш шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин аз соли 2000 инҷониб ба ноҳияи Лахш шумораи зиёди сайёҳон, махсусан кӯҳнавардон ворид мешаванд. Ҳамасола барои фатҳи қуллаи И.Сомонӣ, ки дар ҳудуди ноҳия ҷойгир аст, зиёда аз 150 нафар сайёҳону кӯҳнавардон аз давлатҳои дунё ташриф меоранд.
Дар ин муддат зиёда аз 2500 нафар сайёҳони хориҷӣ аз ноҳия дидан кардаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






