Мавзуна Чориева аз роҳхати Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 маҳрум гардид

Май 22, 2016 12:38

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ Ховар/. Муштзани номвари тоҷик Мавзуна Чориева дар  Чемпионати ҷаҳон оид ба  бокс миёни занон, ки дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Остона ҷараён дорад, бегоҳи 21 май дар даври дувум дар вазни то 60 кило аз рақибаш Яна Алексеевна аз Озарбойҷон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ёдовар мешавем, Мавзуна дар даври муқаддамотӣ бар Вен-Линг Чен аз Тайван бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд. Ба ин тартиб, Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳхат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум гашт.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, ки 19 май дар маҷмааи варзишии «Борис — Арена»-и Остона, пойтахти Қазоқистон оғоз ёфт, Тоҷикистонро ду варзишгар намояндагӣ карда, ҳарду ноком шуданд.
Муштзани дигари тоҷик Шоира Зулқайнарова дар рӯзи аввали мусобиқа, 19 май, дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 75 кило қувваозмоиро ба рақибаш Сара Шеурих аз Олмон бохт. 43 сония пеш аз хотимаи раунди севум муштзани олмонӣ Шоираро бо зарбаи фаннӣ шикаст дод ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Ба ин тартиб, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқайнарова аз имконияти охирини ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 истифода карда натавонистанд.
Ин мусобиқаи пурнуфузтарини ҷаҳонӣ бо ширкати беш аз 300 варзишгар аз 73 кишвар дар пойтахти Қазоқистон то рӯзи 27 май идома хоҳад кард.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон дар Остона варзишгарон ба ҷуз унвони чемпионӣ ва медалҳо, инчунин дар се вазн (-51, -60 ва -75 кг) барои 12 роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро мубориза мебаранд. Яъне дар ин се вазн муштзанҳое, ки ҷойҳои аз 1-ум то 3-юмро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Ин охирин имконоти ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ ба Рио-2016 барои бонувони муштзани ҷаҳон мебошад.
Ба назари коршиносон, дар байни муддаиёни аслии медалҳои тиллои Чемпионати ҷаҳон чунин муштзанҳои маъруф, ба монанди Кэти Тэйлор (Ирландия), Мэри Ком (Ҳиндустон), Кларисса Шилдс (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), қаҳрамони олимпӣ Никола Адамс (Британияи Кабир) ва Жэн Тзантзан (Чин) ҳастанд.
Намояндагони Урдун, Мозамбик ва Серра-Леоне барои аввалин бор дар чунин мусобиқаи бонуфуз ширкат меварзанд.
Охирин мусобиқае, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза хоҳанд бурд, ин Чемпионати  ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон аст. Ин қуввасанҷӣ аз 14-ум то 26-уми июн дар пойтахти Озарбойҷон  Боку баргузор мешавад.

Май 22, 2016 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад