Моҳномаи қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар ДДҲБСТ

Май 24, 2016 11:35

Хуҷанд, 24.05.2016 /АМИТ Ховар/. Барои сазовор   пешвоз гирифтани  25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  дар нимсолаи дуюми соли таҳсили равон моҳномаи «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро доир намояд. Тибқи лоиҳа ҳар моҳ  баргузории силсилаи чорабиниҳо роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамонҳои Тоҷикистон пешбинӣ гардида,  ҳадафи ин чорабиниҳо шиносоии шогирдон бо кору пайкори чеҳраҳои намоёни миллат, ибратандӯзӣ аз ҳаёти қаҳрамонон аст.
Шурӯъ аз оғози моҳи апрел моҳномаи Қаҳрамони Тоҷикистон бахшида ба фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфта, дар донишгоҳ ва факултаҳо баргузории силсилаи ҳамоишҳои илмию тарбиявӣ ва маърифатӣ ба роҳ монда шуданд.
Дирӯз бо иштироки олимону мутахассисон ва донишҷӯён  ҷамъбасти моҳномаи аллома Б.Ғафуров доир гардид.  Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯрабоев перомуни ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Бобоҷон Ғаффуров ибрози назар намуда, гуфт, ки аллома Ғафуров дар рушди тамаддуни тоҷикон ва муаррифи ин миллати куҳан барои ҷаҳониён саҳми бориз гузошта, нуқтаи авҷи фаъолияти ин олимро китоби «Тоҷикон» маънидод намуд. Зикр гардид, мероси Аллома Ғафуров хонандаро ба ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят намуда, бо таърихи гузашта ошно месозад.
Боиси тазаккур аст, ки  арҷгузорӣ ба корномаҳои фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур  дар донишгоҳ барои баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин мусоидат намуда, дар қалби  онҳо ҳисси муҳаббату садоқат ба Ватан,  арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти миллӣ, хештаншиносиву худогоҳиро бедор месозад.

Май 24, 2016 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»