Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Қирғизистон
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков доир гардид.
Зимни мулоқот масоили асосии марбут ба ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бисёр масоили минтақавӣ, аз ҷумла дар бахши истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва амнияту суботи марзӣ мавқеъ ва назари ягона дошта, барои ба сатҳи беҳтару хубтар расонидани ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.
Ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии худро ҳамчунин барои тақвияти ҳамкории назди марзӣ, хусусан беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои савдои назди сарҳадӣ изҳор намуданд.








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






