Муносибатҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон тақвияти бештар касб мекунанд

Май 4, 2016 11:58

Душанбе, 4.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев 11-12 май бо сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид менамояд.
Дар чаҳорчӯби сафари расмӣ Алмазбек Атамбаев дар қатори дигар шахсони олимақоми ҳар чор кишвари иштирокдори Лоиҳаи CASA-1000, намояндагони институтҳои молиявии байналмилалӣ, ташкилотҳои донорӣ ва шарикон дар маросими расмии оғози марҳилаи татбиқи Лоиҳаи CASA-1000 дар Тоҷикистон иштирок мекунад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гаштаанд. Аз моҳи марти соли 1997 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон фаъолият мекунад. Дар Бишкек низ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Марҳилаҳои асосии рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баъди барқарор гаштани муносибатҳои дипломатӣ, рўйдодҳои муҳими зеринро дарбар мегиранд:
— январи соли 1993, сафари кории Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон.
— июли соли 1996, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон А.Акаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.
— майи соли 1998, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон.
— майи соли 2004, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон А.Акаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.
— майи соли 2008, сафари кории Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қ. Боқиев ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
— июли соли 2010, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Р.Отунбаева дар рафти ҷаласаи 27-уми Шӯрои Байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар шаҳри Остона.
— ноябри соли 2010, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Р.Отунбаева дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе.
— майи соли 2013, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон.
Тоҷикистон ва Қирғизистон бо мақсади ҳалли самарабахши масъалаҳои аввалиндараҷа ва таъмиқи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, таҳкурсии дастурии устувор Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмўи масъалаҳои дуҷониба ва Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ таъсис додаанд.
Афзалиятҳои алоқаҳои сиёсии ду кишвар дар зимни чунин вазифаҳои умумӣ, ба монанди таҳкими амният ва субот дар минтақа, мусоидат ба рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ аён мегарданд.
Аҳамияти хоса ба ҳамкорӣ дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СААД, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, СҲШ, ББНА, институтҳои молиявӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар онҳо иштирок мекунанд, дода мешавад.
Пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон заминаи ҳуқуқии мустаҳкамро барои таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи минбаъдаи ҳарду кишвар фароҳам овардааст.
Ҳуҷҷатҳои асосие, ки ҷараён ва усулҳои муҳими муносибатҳои дутарафаи Тоҷикистону Қирғизистонро танзим мекунанд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (12 июли соли 1996, ш. Душанбе) ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ (26 майи соли 2004, ш. Душанбе) мебошанд.
Дар муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон тамоюли муайяни болоравӣ мушоҳида мешавад.
Бо оғози кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба, ки он 12 июли соли 1997 таъсис шудааст, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар аксарияти самтҳои ҳамкории иқтисодӣ рушд ёфта, тамоюли мунтазами афзоиши устувор ва мушаххаси нишондиҳандаҳои гардиши савдо ба чашм мерасад.
Шоистаи таъкид аст, ки таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба, мунтазам доир намудани ҷаласаҳои он, ба истилоҳ пуле барои ба сатҳи нави рушд баровардани ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон гардидааст.
Дар маҷмўъ, дар муносибатҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон дар шароити рушди мустақил, саъю кӯшиши муштарак ҷиҳати роҳандозии алоқаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ ба назар расида, дар он руҳияи эътимоди мутақобил, ҳусни ҳамҷаворӣ ва муносибатҳои нек бо якдигар ҷой дорад.

Май 4, 2016 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаҳои вобаста ба вохӯрии вазирони корҳои хориҷии формати «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон» баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кокшетауи Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон баргузор гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Ҷопон оид ба корҳои хориҷӣ мулоқот намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо муовини Сарвазири Шоҳигарии Лесото Ҷастис Нтоменг Ҷастина Маҷара мулоқот намуд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон баёнияи матбуотӣ нашр гардид
Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Озарбойҷон Самир Рауф доир гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Малдив Ҳусейн Муҳаммад Латиф мулоқот намуд
Амина Муҳаммад аз давлатҳои ҷаҳон дар самти ҳалли масоили марбут ба ҳифзи пиряхҳои сайёраи Замин даъвати оҷилӣ намуд
Директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз пешсафии афзояндаи Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти глобалии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ситоиш намуд
Армида Салсиаҳ Алишаҳбана: «ЭСКАТО ҳамкории судмандро бо Тоҷикистон муҳим арзёбӣ менамояд»
Амина Муҳаммад, муовини аввали Дабири кулли СММ: «Ташаббуси Президенти Тоҷикистон барои муттаҳидии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баррасии мушкилоти ҷиддии иқлимӣ муҳим мебошад»