На ҳамаи волидон дар тарбияи фарзандон масъулият эҳсос мекунанд
Хоруғ, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ширкати масъулини муассисаҳои таълимӣ, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сабти ҳолатҳои шаҳрвандии вилоят дар муассисаи давлатии Мактаби президентӣ оид ба иҷрои бандҳои Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» мулоқот баргузор шуд. Муовини директор оид ба таълим ва тарбияи мактаби мазкур Айниддин Сомиддинов гуфт, ки баъди даргириҳои дохилии солҳои навадум иртиботи оила бо мактаб коҳиш ёфт ва ин раванди номатлуб минбаъд ба ҷараёни таҳсил таъсири амиқ гузошт. Барои бори дигар барқарор кардани ин иртибот ва баланд бардоштани масъулияти волидон дар тарбияи фарзандон бо дастури Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қонуни махсус қабул гардид. Аммо бо гузашти панҷ сол аз қабули ин қонун ҳанӯз ҳам иддае аз волидон нисбат ба тарбияи фарзандон назари сар-сарӣ доранд ва дар маҷлисҳои волидон комилан ширкат намекунанд. Ҳатто баъзе аз онҳо намедонанд, ки фарзандонашон дар кадом синф таҳсил мекунанд. Дар ҳоле ки бе ширкати оила ва ҷомеа мактаб ба танҳоӣ наметавонад насли шоистаи замонро ба воя расонад.
Сардори Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят Майсара Мирзобайтова изҳор дошт, ки дар баъзе маврид волидон баъди ба синни мактабӣ расидани фарзандашон ба таҳияи асноди ӯ машғул мешаванд. Ба наздикӣ як тан аз волидон ба муассисаи онҳо барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд омад. Баъди суҳбат маълум гардид, ки фарзандаш 7 сола асту ҳанӯз шаҳодатномаи таваллуд надорад. Азбаски барои чунин қонуншиканӣ ҷаримаи сабук пешбинӣ шудааст, волидон бепарвоӣ зоҳир мекунанд.
Аз ин рӯ ман пешниҳод мекунам, ки барои чунин хунукназарӣ нисбат ба тақдири фарзандон барои волидон бояд ҷазои сахттар пешбинӣ шавад.
Дар мулоқот хонандагони синфҳои болоӣ низ ширкат доштанд ва ба суолҳои худ вобаста ҳуқуқу уҳададориҳои волидону омӯзгорон маълумоти бештар пайдо карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






