Наздики 20 нафар дар сӯхтори як хобгоҳи мактаб дар Таиланд нобуд гардиданд

Май 23, 2016 12:04

Душанбе, 23.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. На камтар аз 17 толибаи мактаб дар сӯхтор дар як хобгоҳи мактаби хусусӣ дар Таиланд нобуд гардиданд,- хабар медиҳад  «Интерфакс»  бо такя ба иттилои агентии BNO.
Оташ рӯзи якшанбе  дар соати 23:00 ба вақти маҳаллӣ шурӯъ гардид. Мактаби ибтидоӣ, ки дар хобгоҳаш сӯхтор ба амал омад, дар вилояти Чианг Рай дар шимоли кишвар ҷойгир шудааст.
Дар натиҷа 17 нафар духтарони аз  5 то 12- сола ба ҳалокат расиданд. Ду нафар  бедарак гум шудаанд, 5 кас ҷароҳати вазнин бардошта,14 тани  боқимонда тавонистанд сиҳату саломат  ба беруни  бинои хобгоҳ бароянд.

Май 23, 2016 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш