Оғози амалиёти «Пиёдагард-велосипедрон» дар роҳҳои Хатлон
Қурғонтеппа, 12.05.2016 /АМИТ Ховар/. Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон дар бораи оғози амалиёти «Пиёдагард-велосипедрон» иттилоъ медиҳад. Тавре нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботии шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати вазорати корҳои дохиӣ дар вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов иттилоъ дод, амалиёти мазкур аз 13 то 23 майи соли равон дар роҳҳои Хатлон гузаронида мешавад.
Ба иттилои манбаъ дар давоми чор моҳи соли равон дар роҳҳои вилоят 57 садамаи нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардону велосипедронон ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 22 нафар ҳалок гардида, 36 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни чисмонӣ бардоштаанд.
Дар маҷмӯъ, дар роҳҳои Хатлон аз аввали сол 100 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, 43 нафар ҳалок гардида, 90 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Имсол шумораи садамаҳои нақлиётӣ нисбат ба соли гузашта 26 адад кам шудааст.