Олимпиадаи лоиҳавии «INTEX-2016» байни хонандагони мактабҳои президентӣ ва литсейҳо

Май 28, 2016 10:44

Душанбе, 28.05.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Моҳи майи соли равон дар муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи лоиҳавӣ «INTEX-2016» байни хонандагони мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи олимпиада вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Нуриддин Саид, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, сардорони чанде аз раёсатҳои вазорат, омӯзгорон ва падару модарон иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид таъкид намуд, ки хушбахтона, дар ҷумҳурӣ ҳаракати олимпӣ ривоҷ ёфта истодааст.
«Ҳадаф аз ин тадбирҳо ва баргузории олимпиадаи мазкур бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба ихтироъкорӣ, корҳои илмӣ, шиносоии бештари хонандагон бо кашфиёти нави илмҳои табиӣ-риёзӣ, истифодаи соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир, ҷалби хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти   миёнаи умумӣ ба олимпиадаҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ, хусусан ташвиқи хонандагон дар интихоби бошууронаи  касб мебошад»,-илова намуд вазир.
Дар олимпиада хонандагони   14 мактаби   президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқати шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Турсунзода, ноҳияҳои Данғара ва Бохтар 55 лоиҳаро аз рӯи равияҳои табиатшиносӣ, ихтироъкорӣ, санъати компютерӣ, барномасозӣ ва филми кӯтоҳ пешниҳод намуданд.
Дар олимпиада аз 55 мавзӯи ҳаётӣ, аз қабили шеваҳои пешқадами парвариши зироат, ҳифзи экологии ҷомеа, истифода ва беҳдошти об, коркарди дубораи он, ихтирои заҳрхимикатҳое, ки ба ҳаёти инсон ва муҳит безараранд, истеҳсоли мавод бар ивази хамиртуруш, ҳифзи маводи ғизоӣ ва назорати экологии  он, ҳифзи набототу ҳайвонот лоиҳаҳои пурмазмун ба намоиш гузошта буданд.
Дар қисмати барномасозӣ, лоиҳаҳои муҳовараҳо, истифодаи компютер дар ҷобаҷогузории маводи таълимӣ, барномаҳои таълимии фанҳо таваҷҷуҳи ҳакамонро бештар ҷалб намуд, ки аз санъати компютерӣ бештар кор гирифта мешаванд. Як қисм лоиҳаҳо филмҳои  кӯтоҳ буданд, ки ба ҳаёти хонандагону ҷавонон рабт дошта, муҳтавои онҳо аслан панду ахлоқӣ буданд.
Дар  ҷамъбасти озмун литсейи хонандагони  болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе соҳиби шоҳҷоиза (Гран-при), литсейи  хонандагони  болаёқати шаҳри Душанбе ҷойи якум, Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе мақоми дуюм ва литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Май 28, 2016 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад