Паҳлавони тоҷик дар Туркия соҳиби медали биринҷӣ гардид
Душанбе,10.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 8 май дар шаҳри Истанбули Туркия дувумин Мусобиқаи ҷаҳонии гӯштини тарзи озод баргузор шуд.
Дар дувумин мусобиқаи ҷаҳонии гӯштини тарзи озод барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия паҳлавони тоҷик Искандари Рустам соҳиби медали биринҷӣ гардид. Искандари Рустам дар рақобатҳо дар вазни то 97 кило баъди пирӯзӣ дар даври ҳаштякниҳоӣ бар варзишгари Албания Эгзон Шала бо ҳисоби 11:0 дар даври чорякниҳоӣ аз паҳлавони Муғулистон Худербулга Дорҷханд бо ҳисоби 0:11 шикаст хӯрд. Баъдан паҳлавони тоҷик бар Эдон Шала аз Косово бо ҳисоби 10:3 ғолиб омад ва барои медали биринҷӣ бо варзишгари Индонезия Маусам Хатрӣ мубориза бурд. Ҳисоб мусовӣ- 8:8 гардид. Ғолибият ба паҳлавони тоҷик дода шуд. Вале Искандари Рустам аз роҳхати олимпӣ маҳрум гардид, зеро ки 12 роҳхат дар риштаи гӯштини озод насиби варзишгароне гардид, ки дар вазни худ ҷойҳои 1-2-юмро гирифтанд. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ боз чор гӯштингири тоҷик оид ба гӯштини тарзи озод ширкат доштанд. Ҳикматулло Воҳидов дар вазни то 57 кило дар ҳаштякфинал Марсел Эвалди олмониро бо ҳисоби 8:4 шикаст дод, вале дар даври чорякниҳоӣ аз Кристоф Биенковскии лаҳистонӣ бо ҳисоби 2:4 мағлуб гашт.
Ҳ. Воҳидов барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Ҷозеф Молнар аз Маҷористон бо ҳисоби 5:8 бохт.
Варзишгари дигари тоҷик Азамат Сӯфиев дар вазни то 74 кило дар даври муқаддамотӣ бар Макара Нгуон (Камбоҷа) бо ҳисоби 10:0 дастболо шуд, вале дар ҳаштякфинал аз Кристиан Брзозовски (Лаҳистон) бо ҳисоби 2:7 мағлуб гашт. Ду намояндаи дигари Тоҷикистон дар нахустин даври мусобиқа шикаст хӯрданд. Содиқхоҷа Исмоилов дар вазни 65 кило аз Ҳаислан Антонио Веранес Гарсия (Канада) ва Баҳодур Қодиров дар вазни то 86 кило аз Гванук Ким (Кореяи Ҷанубӣ) мағлуб шуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






