«Помирэнерҷӣ» 400 манзили сокинони Бадахшони Афғонистонро равшан кард
Хоруғ 31.5.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар канори бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон, ки дар маҳаллаи Тем воқеъ аст,маросими ифтитоҳи хатти нави интиқоли барқ ба яке аз деҳаҳои дурафтодаи вулусволии Шуғнони Афғонистон мавсум ба Дишор баргузор шуд. Дар ин маросим намояндагони сарпарасти лоиҳаи мазкур сафорати Амрико дар Тоҷикистон, Бунёди Оғохон ва консулгарии ДИА дар Хоруғ, масъулини ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» ширкат доштанд.
Бо амалӣ шудани ин тарҳ бештар аз 400 хонаводаи деҳоти Дишори вулусволии Шуғнони Афғонистон бори нахуст дар умри худ хонаашонро равшан диданд.
Як тан аз намояндагони вулусволӣ гуфт, ки мо ҳамеша бо як умеду орзу ба ин сӯи дарёи Панҷ ба деҳоти Тоҷикистон нигоҳ мекардем ва дар дил орзу доштем, ки замоне расаду мисли шумо аз неъмати барқ бархурдор шавем ва ҳоло бо кумаку дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва давлати Тоҷикистон ин орзуи аҷдодони мо ҷомаи амал пӯшид.
Алъон аз неруи барқи ширкати «Помирэнерҷӣ» наздики 1200 хонаводаи вилояти Бадахшони Афғонистон истифода мебаранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






