Рӯзҳои наздик ҳавошиносон борони шиддатнокро пешбинӣ менамоянд
Душанбе, 23.05.16. /АМИТ «Ховар»/. 23-24 май ҳавошиносон эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе минтақаҳо шиддатнок, раъду барқ ва боридани жоларо пешбинӣ менамоянд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин рӯзҳо дар ҳамаи минтақаи ҷумҳурӣ ҳаво нисбатан салқин шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Пагоҳ, 24 май дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона 11-13, рӯзона 25- 27 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ — ҳавои тағйирёбанда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст .Ҳаво шабона 10-16 дараҷа, рӯзона то 25-28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҷойҳо шиддатнок дар назар буда, ҳаво шабона 14-19, рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар ғарб шабона 7-12, рӯзона 20-25; дар шарқ шабона -1+4, рӯзона 11-16 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18-23, рӯзона 25-30 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






