Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ФР
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 22 май ҶДММ Сомонэкспрестранс, ҶС Иттиҳодияи автовокзалҳо, ҶДММ Суғдиён Помир тур, ҶДММ Роҳи Абрешим ва СИ Маҳмудов дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳрҳои Тюмен, Новосибирск, Сургут, Красноярск, Оренбург ва Самараи Федератсияи Русия сафарбар намуданд. Сафарбаршудагон аслан сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд буда, аз 6 моҳ то 1 сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд.
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, ба гурӯҳҳои сафарбаршуда роҳбаладони ботаҷриба роҳбарӣ менамоянд.
Дар маросими гусел кормандони раёсат бо муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, онҳоро бо маводи ташвиқотию тарғиботӣ таъмин намуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






