Сарвазири Покистон ҷиҳати иштирок дар маросими расмии татбиқи Лоиҳаи «СASA-1000» ба Тоҷикистон ташриф овард

Май 11, 2016 13:55

Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имрӯз вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе шуд.

Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» меҳмони олимақомро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон Навоз Шариф дар маросими расмии татбиқи Лоиҳаи «СASA-1000»  иштирок мекунад.

Лоиҳаи  «СASA-1000» яке аз лоиҳаҳои  бузургтарин ва муштараки  Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон ба шумор меравад. Лоиҳа барои кишварҳои ширкаткунанда як қатор  манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ хоҳад овард.  Ин лоиҳа норасоии неруи барқро коҳиш дода,  дар  корҳои тиҷоратии кишварҳои шарик манфиат меоварад ва ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд хоҳад овард.

Май 11, 2016 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна