Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои сохтмонӣ дар «Комбинати металургии Тоҷикистон»
Душанбе, 7.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Ҳисор бо рафти корҳои сохтмонӣ дар «Комбинати металургии Тоҷикистон» шинос шуд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки сохтмони «Комбинати металургии Тоҷикистон» соли 2011 шурўъ гардида, тибқи нақша то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Иқтидори солонаи корхонаи саноатӣ дар соли аввали фаъолият баробар ба 120 ҳазор тонна буда, дар соли сеюми фаъолият аллакай иқтидори он то ба 400 ҳазор тонна дар як сол расонида мешавад.
Соли аввали корӣ дар ин корхона 500 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад ва баробари тақвияти иқтидори истеҳсолӣ дар соли сеюми фаъолият шумораи коргарон аз ҳисоби аҳолии маҳалӣ то 1000 нафар мерасад. Дар айни ҳол дар пешбурди корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот беш аз 150 нафар ҷалб шудаанд, ки 130 нафари онҳо коргарони маҳаллӣ мебошанд. Корҳои сохтмони қисмати асосии корхона ба пуррагӣ анҷом ёфта, дар айни замон васлу насби таҷҳизоту технологияи нави корӣ бо маром идома дорад.
Сарвазири мамлакат барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дурусти таҷҳизоти истеҳсолӣ, беҳдошти шароити таъминоти барқ, ба миқдори зарурӣ захира намудани ашёи хоми маҳалӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти ҳамкорӣ бо дигар корхонаҳои металургии ватанӣ ва хориҷӣ роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулини соҳаро вазифадор намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






