Суғд: Иштироки беш аз 90 ҳазор дар Дави миллӣ
Хуҷанд, 16.05.2016 /АМИТ Ховар/. Дар чорабинии варзишии Дави миллие, ки дирӯз, 15 май дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд баргузор гардид, беш аз 90 ҳазор нафар одамони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Тавре ки Зариф Мирдадоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, чорабинии варзишӣ аз майдони Исмоили Сомонӣ- назди варзишгохи шиноварии шаҳри Хуҷанд оғоз ёфта, ба воситаи кӯчаи Сирдарё то назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар чорабинии мазкур ҳозиринро бо оғози Рӯзи дави миллӣ табрик намуда, аз чумла изҳор дошт, ки имрӯзҳо барои рушди соҳаҳои гуногуни варзиш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, ҳамасола теъдоди зиёди иншооти варзишӣ ба истифода дода мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дирӯз аз шумораи умумии иштирокдорони дави миллӣ наздик ба 30 ҳазорашро ҷавондухтарон ташкил доданд.
Хамчунин дирӯз дар ин чорабинии варзишӣ дар шаҳри Хуҷанд дар умум беш аз 19 000 нафар иштирок намуданд, ки аз ҷониби роҳбари вилоят ба 20 нафар ғолибон туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






