Тақдими нусхаи эътимодномаи Сафири нави Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ
Душанбе, 5.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ нусхаи эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии мамлакат Одил ибни Аҳмад ал-Ҷубайр супорид.
Дар ҷараёни суҳбат, ки дар ҳошияи маросими эътимодномасупорӣ баргузор гардид, ду ҷониб доир ба роҳҳои таҳким ва густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории самарабахши ду давлат гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи санадҳое, ки зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ моҳи январи соли равон ба имзо расида буданд ва тавофуқоти сершумори он рӯзҳо ҳосилшуда зоҳир гардид.
Масоили вобаста ба ҷалби сармоя ва дастгирии бародарона аз рушду нумуи Тоҷикистон аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.
Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба густариши робитаҳо ва истифодаи ҳамаҷониба аз имконоти фарохи мавҷуда барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун таъкид намуданд.










Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






