Тартиби ҳисоби музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва пардохти кумакпулӣ барои онҳо

Май 27, 2016 09:18

Душанбе, 27.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муаррифии  «Тартиби ҳисоби музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ва пардохти кумакпулӣ барои онҳо» аз тарафи Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ дар  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор шуд.
Муовини сардори Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ Н. Нуров дар мавриди тартиби зиёдшавии музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, андозаи зиёдшавии ҳадди ақали музди меҳнат ва дигар масъалаҳои марбут ба музди меҳнат дар тӯли 25 соли истиқлолияти ҷумҳурӣ маълумот дод.
Дар муаррифӣ оид ба  моҳият ва масълаҳои асасии тартиби ҳисоб намудани музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ бо истифода аз Ҷадвали ягонаи тарифӣ, коэффитсиентҳои тарифӣ, маоши заминавӣ ва тавсияномаҳо маълумот дода шуд.
Дар чорабинӣ сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати молия ва мақомоти зертобеи он, инчунин кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони мақомоти мазкур иштирок намуданд.

Май 27, 2016 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд