Теъдоди муҳоҷирони воридшавиашон ба Русия манъшуда дар деҳоти Рованд кам мешавад

Май 19, 2016 10:49

Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз  ҳудуди деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ  778 нафар дар Федератсияи Русия муҳоҷир буда, теъдоди муҳоҷироне, ки воридшавиашон ба Русия манъ аст, рӯз то рӯз кам мешавад. Дар ин бора  раиси ҷамоати деҳоти Рованд Рустам Ёдгоров зимни мулоқоти кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ бо фаъолон ва муҳоҷирони меҳнатӣ иброз намуд.
Дар мулоқот кормандони Хадамоти муҳоҷират ба аҳолӣ дар бораи  қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират ва тартиби гирифтани патент барои корро  фаҳмониданд.
Дар анҷоми мулоқот ба ҷамъомадагон  варақаҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба  қоидаҳои асосии будубоши қонунӣ дар ҳудуди Русия, тартиби убури сарҳад, қайдгузорӣ, баҳисобгирии муҳоҷират ва гирифтани патент тақсим карда шуд.

Май 19, 2016 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст