Тоҷикистон бо Саудӣ ҳамкориро дар мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият мебахшанд
Душанбе, 27.052016/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона тақвият мебахшанд. Дар ин росто 27 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткориро ба тасвиб расониданд.
Умарзода Икром Ислом-муовини вазири корҳои дохилии кишвар санади мазкурро тавзеҳ дода, гуфт, ки дар асоси ин Созишнома ду кишвар ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, экстремизм ва терорризм тақвият мебахшанд. Инчунин санади мазкур заминаи мусоиди ҳамкории ду кишварро дар самти дастгир намудани шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шудаанд, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ, табодули маълумот оид ба фаъолияти афрод ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша, кофтукови шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, ки нисбат ба онҳо ҳукми суд содир шудааст ва табодули маълумот оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ҷиноятҳои расмигардонии маблағҳоро фароҳам меорад.
Бояд тазаккур дод, ки Созишномаи мазкур 3 январи соли 2016 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ба имзо расонида шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






