Тоҷикистон ва Туркия ҷонибдори густариши дурнамои муносибатҳо

Май 5, 2016 16:57

Душанбе, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ имрӯз Кордори нави Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафир Авни Аксойро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, маориф, равобити гуманитарӣ ва ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишварро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин атрофи дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар сурат гирифт.

Май 5, 2016 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш