Ваҳдат: Марҳилаи якуми Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр ҷамъбаст гардид
Ваҳдат, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат марҳилаи якуми Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр ҷамъбаст гардид, ки дар ҷараёни баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ нишондиҳандаи вазъи ҷанбаҳои гуногуни 266 деҳаю кӯча ва зиёда аз 41 ҳазор оила санҷида шуда, бо маводу ҳуҷҷатҳои ҷамъбастии нишондодҳо ба комиссияи шаҳрӣ пешниҳод гардид.
Дар натиҷаи ҷамъбасти марҳилаи якуми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 33 оила ва хонаи намунавӣ, 11 маҳаллаву деҳа ва як кӯчаи беҳтарин ғолиб дониста шуда, мукофотонида шуданд ва ба марҳилаи дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ғолибон имрӯзҳо барои ба даст овардани ҷойҳои аввал дар марҳилаи дуюми озмуни мазкур, ки аз ҷониби комиссияи шаҳрӣ дар моҳи июн арзёбӣ мешавад, тайёрии ҳаматарафа мебинанд.
Мувофиқи иттилои масъулини шаҳри Ваҳдат дар доираи тайёрӣ ва гузаронидани мусобиқаи мазкур корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ дар шаҳру деҳот вусъати тоза ёфта, он дар баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва беҳтар гардидани вазъи соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ, маориф, ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист нақши такондиҳанда дорад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






