Вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ноҳия Ёвон муътадил аст

Май 18, 2016 15:13

Ёвон, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ёвон дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ аз рӯйи нақшаи корӣ, барои риоя накардани талаботи санитарӣ ва вайрон кардани қойда ва меъёрҳои санитарӣ нисбат ба 181 нафар соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони масъул санадҳо тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 11 ҳазору 640 сомонӣ ҷарима баста шуданд ва маблағи он  ба буҷаи маҳал супорида шуд.
Ҳамчунин аз нуқтаҳои савдои ноҳия 16 номгӯй маҳсулоти ғизоии пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузаштаро аз муомилот гирифтанд, ки миқдори он 596 кг буда, маблағи умумиашон 7 ҳазору 340 сомониро ташкил медиҳад.
Хушбахтона, вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ноҳия муътадил буда, дар чор моҳи соли равон бемориҳои сирояткунандаи доманашакл, исҳоли хунин, вараҷа, салмонеллёз, кабудсулфа, гулӯзиндонак, вируси гепатити С, обакон ва фалаҷи кӯдакона ба қайд гирифта нашудааст.

Май 18, 2016 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»