ВКД ҶТ барои тақвияти ҳамкорӣ бо ВКД ФР талош мекунад
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҷрибаи бой ва амалии муқобилият нишон додан ба ҳама намудҳои терроризму экстремизмро доро мебошанд. Мо омода ҳастем, ки ин таҷрибаи худро ба ҳамкоронамон аз Федератсияи Русия нишон диҳем», — чунин изҳор кард вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии якҷояи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия баргузор гардид. Барои иштирок дар кори ҷаласа ҳайати кории Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилии Русия генерали пулис Колоколтсев В.А. нимаи дуюми дирӯз вориди Душанбе гардид. Кори ҷаласа то соати 20-и бегоҳ идома ёфт.
Дар нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода изҳор намуд, ки дар ҷаласаи навбатии якҷояи роҳбарони сохторҳои идории ду вазорат мавзӯи муҳими рӯз — муқобилияти ҷиддӣ ва амалӣ нишон додан бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия минбаъд ва мунтазам такмил дода мешавад.
Зикр карда шуд, ки масъалаи ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷалби шаҳрвандон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ — хусусан ҷавононе, ки ба муҳоҷирати корӣ ба Федератсияи Русия мераванд, масъалаи ташвишовар буда, мақомоти дахлдори ҳар ду вазорат ҳама талоши худро барои ошкор намудани роҳҳои интиқоли ҷавонони гумроҳшуда ба ҳудуди кишварҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон ва баъзе мавзеъҳои Покистон равона мекунанд, то иштироки шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар амалиёти ҷангии гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ пешгирӣ карда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






